Аҳмадзода ба аёдати кӯҳансарбози 100-солаи ҶБВ рафт

Маҳмуталӣ Бобоев-куҳансарбози ҶБВ, рӯзи 15 феврал ба синни 100-солагӣ расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт аз дидбонгоҳи сарҳадии "Навбунёд", воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Пунук боздид намуда ба аёдати куҳансарбозон рафтааст.

"Раҷаббой Аҳмадзода чанде аз собиқадоронро аёдат намуда, ба онҳо туҳфаҳои молӣ ва кӯмакҳои моддӣ тақдим кард", —омадааст дар хабарнома.

Роҳбари вилоят нахуст ба манзили иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Маҳмуталӣ Бобоев омадааст.

Ин сокини Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт, ки рӯзи 15 феврал ба синни 100-солагӣ расид, барои рушди нумӯи ноҳияву вилоят хизматҳои арзанда кардааст.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин ба Ҷамоати шаҳраки Шайдон рафта, собиқадорони меҳнат Эътибор Абдулазизова, Шарифҷон Абдулҳамидов ва Мавлуда Махкамоваро аёдат намудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки Раҷаббой Аҳмадзода чанде аз собиқадоронро дар шаҳри Истаравшан аёдат намуда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонидааст.