Муҳоҷирон эҳтиёт кунед: дар Маскав аз моҳи май то июл чораҳои амниятӣ пурзӯр мешавад

Дар вақти баргузаронидани рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Маскав минтақаҳои идорашаванда ва мамнӯъ пайдо мешаванд, нигаҳбонии назми умумӣ ва посбонии маконҳои иҷтимоӣ пурзӯр мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дар Маскав аз моҳи 25 май то 25 июл вобаста бо баргузории Ҷоми футболи ҷаҳон  чораҳои амниятӣ пурзӯр мешаванд. Дар ин бора раиси шуъбаи амнияти минтақавӣ ва мубориза бо фасоди Маскав Владимир Черников хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, чораҳои амниятии асосӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи Маскав дар вақти Ҷоми иттиҳодия дар соли 2017 коркард шуда буданд.

"Ҳангоми баргузории бозиҳои қаҳрамонӣ дар Маскав аз 25 май то 25 июл чораҳои амниятӣ пурзӯр мешаванд. Дар ин мӯҳлати муайян дар Маскав минтақаҳои идорашаванда ва мамнӯъ пайдо мешаванд, нигаҳбонии назми умумӣ ва посбонии маконҳои иҷтимоӣ пурзӯр мешавад",- гуфтааст Черников ҳангоми мусоҳиба бо РИА Новости.

Вазорати кор ба муҳоҷирон: аз сафар ба Русия дар замони баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол худдорӣ кунед

Ҷоми футболи ҷаҳон бори аввал дар Русия аз 15 июн то 15 июл баргузор карда мешавад. Бозиҳои сабқат дар 15 варзишгоҳи 11 шаҳр баргузор мешавад.

Пештар раисҷумҳури Русия Владимир Путин таъкид карда буд, ки ҳангоми баргузхории Ҷоми футболи ҷаҳон дар Русия бояд кишвар аз тамоми имконияташ истифода бурда, амнияти варзиишкорон ва ҳаводоронро таъмин кунад.

Вай афзуд, мақомоти Русия аллакай дар ин кор таҷрибаи хуб дорад. "Боварӣ дорам, ки дар чемпионат низ дар ҳар гуна вазъияте, ки ба амал меояд, шумо дуруст ва мувофиқи қонун  бархурд мекунед. Аз кори шумо бевосита рафти баргузории ин чорабинӣ ва обрӯи кишвари мо вобаста аст",- афзуд раисҷумҳур.

Пештар, намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандони кишвар ҳушдор дода буд, ки дар робита бо Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Сочи дар чанд шаҳри Русия чораҳои амниятӣ пурзӯр мешавад.

Тавре ба Sputnik Тоҷикистон сухангӯи Намояндаи вазорати меҳнат дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, чораҳои амниятӣ дар шаҳрҳои Маскав, Қазон, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Калининград, Нижний Новгород, Волгоград, Ростови лаби Дон, Саранск, Сочи ва Самараия бо мақсади таъмини бехатарӣ чораҳои амниятӣ пурзӯр мешавад.

Ба гуфтаи вай, дар тартиби бақайдгузории муҳоҷиратӣ чораҳои иловагӣ татбиқ карда мешаванд.

Дар асоси қарори президенти Русия давоми ду моҳ- аз 25 май то 25 июли соли 2018 дар шаҳрҳои зикршуда муҳлати бақайдгузории муҳоҷиратӣ 1 шабонарӯз (24 соат) аз вақти даромад ба қаламрави ФР муқаррар карда мешавад. Яъне шаҳрванди хориҷие, ки аз 25 май то 25 июли соли равон ба шаҳрҳои номбаршуда ворид мешавад, бояд дар давоми 1 шабонарӯз танҳо дар мақомоти дахлдор- шуъбаҳои ҳудудӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД Русия шахсан рафта, аз қайди муҳоҷиратӣ гузарад",- гуфта буд, ӯ.