Омодагии мардуми Бадахшон барои таҷлили ҷашни Наврӯз

Бо фаро ридани фасли баҳор мардуми вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба корҳои ободонӣ оғоз кардаву барои таҷлили ҷашни Наврӯз омодагӣ мебинанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 мар— Sputnik. Ба гузориши сухангӯи ҳукумати вилоят, Нилуфар Асламшоева, раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед бо вазъи корҳои ободонӣ дар шаҳри Хоруғ ошно шудааст.

Зимни ошноӣ, раиси вилоят ба масъулини мақомоти шаҳри Хоруғ ҷиҳати вусъати корҳои созандагӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ дастурҳои муайян додааст.

1 / 3
Подготовка ГБАО к Наврузу
2 / 3
Подготовка ГБАО к Наврузу
3 / 3
Подготовка ГБАО к Наврузу

Гуфта мешавад, ки бо ибтикори раиси вилоят ва дар асоси дархости сокинони шаҳри Хоруғ дар махаллаҳои шаҳр бо дастгирии кормандони идораву муассисаҳои вилоятию шаҳрӣ ва дар якчоягӣ бо сокинони маҳаллӣ бунёду азнавсозии 26 адад иншоти таъиноти гуногун аз қабили майдончаҳои варзишӣ, майдончаҳои бозии кӯдакон, равшаникунонӣ дар баъзе маҳаллаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Манбаъ афзуда, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид нахустин корҳои бунёдӣ дар ин самт оғоз гардидаанд.

Ҳангоми сӯҳбат бо сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ, Шодихон Ҷамшед гуфтааст, ки бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни байналмиллалии Наврӯз ва вусъати корҳои ободонӣ, ҳар як бояд бо анҷом додани амалҳои созанда дар ободонии ин гӯшаи кӯҳистони Тоҷикистон  саҳмгузор бошад.