Аксҳо аз маросими бозкушоии гузаргоҳи марзӣ миёни Панҷиканд ва Самарқанд

Sputnik

Дар маросими бозкушоии гузаргоҳи "Саразм — Ҷартеппа" раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳокими вилояти Самарқанди Туробҷон Ҷӯраев ширкат ва суханронӣ кардаанд.

Худи ҳамин рӯз ҳамзамон бо иштироки намояндагони ҳукумати вилояти Суғд ва намояндагони навоҳии ҳаммарзи Узбакистон гузаргоҳҳои марзии "Уротеппа — Кушкент", "Зафаробод — Хавостобод", "Хавотоғ — Учтурғон", "Ҳаштияк — Бекобод" ва "Навбунёд — Поп" расман боз гардиданд.

Бар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Узбакистон имрӯз дар баробари гузаргоҳи "Ҷартеппа" дар роҳи миёни шаҳрҳои Панҷиканд ва Самарқанд гузаргоҳҳои зерин низ боз шуданд. 

— Гузаргоҳҳои "Қӯшкент" ва "Ӯчтурған" миёни ноҳияҳои Ғончӣ ва Зафаробод ва Ҷиззах;

— Гузаргоҳҳои "Ховастобод" ва "Бекобод" миёни ноҳияи Спитамен ва ноҳияҳои вилояти Тошканд;

— Гузаргоҳи "Поп" миёни ноҳияи Ашт ва вилояти Намангон;

— Гузаргоҳи "Равот" миёни шаҳри Конибодом ва вилояти Фарғона;

— Гузаргоҳи "Гулбаҳор" миёни ноҳияи Шаҳритус ва вилояти Сурхондарё;

— Гузаргоҳи роҳи оҳани "Амузанг", ки вилояти Сурхондарёро бо истгоҳи роҳи оҳани "Хошади" дар вилояти Хатлон пайваст мекунад.

1 / 8
Албатта чунин рухдодҳои таърихӣ бе ширкати хабарнигорону наворбардорон намегузарад.
2 / 8
Ифтитоҳи гузаргоҳи марзӣ байни Панҷиканд ва Самарқанд.
3 / 8
Дар маросими ифтитоҳи гузаргоҳи марзӣ байни Панҷиканд ва Самарқанд хонандагони мактабҳо низ ширкат карданд.
4 / 8
Сокинони дедаҳои наздимарзӣ ин санаи хотирмонро дер боз интизор буданд.
5 / 8
Ба муносибати ин рухдоди хотирмон бошандагони қишлоқҳои наздимарзӣ ҷашни бузурге барпо карданд.
6 / 8
Дар маросими ифтитоҳи гузаргоҳи марзӣ байни Панҷиканд ва Самарқанд раиси вилояти Суғд ва фармондеҳи
7 / 8
Духтарон бо либосҳои миллӣ меҳмонони он тарафи марзро бо нону намак пешвоз гирифтанд.
8 / 8
Ифтитоҳи гузаргоҳи марзӣ байни Панҷиканд ва Самарқанд.