Дар Арабистони Саудӣ ба занҳо иҷоза доданд, ки дар артиш хидмат кунанд

Дар Арабистони Саудӣ ба занҳо иҷоза доданд, ки дар сафи артиш хидмат кунанд. Онҳо метавонанд барои ҷойҳои холии корӣ дар мақомотҳои амниятӣ ва қувваҳои мусаллаҳ ариза диҳанд ва соҳиби кор шаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Дар Арабистони Саудӣ ба занҳо иҷоза доданд, ки сарбоз шаванд. Ин имкониятро акнун сокинони шаҳри Мадина, Арриёз ва Алқосим доранд.

Довталабон  бояд ба 12 меъёр ҷавобгӯ бошанд. Аз ҷумла зан бояд аз 25 то 35 сола бошад ва маълумоти миёна дошта бошад.

Афзун бар ин онҳо бояд мардеро ба ҳайси пуштибон дошта бошанд. Пуштибон метавонад падар, бародар, шавҳар ва ё писари зан бошад.   Занҳо бояд ҳамроҳи пуштибонҳояшон дар ҳамон вилояте зиндагӣ кунанд, ки дар он кор мекунанд.

Зан агар оташ намешуд: 1400 зани истаравшанӣ мақоми роҳбарӣ доранд

Ёдрас мешавем, аз сентябри соли 2017 ҳукумти Арабистони Саудӣ иҷоза дода буд, ки занҳо низ мошин ронанд.

Арабистони Сауди давлати подишоҳист. Дар он ҳуқуқи занон бо  шариати ислом муайян карда мешавад. Дар ба занҳои ин давлат мамнӯъ аст, ки дар интихобот ширкат кунанд ва дар сиёсат даст зананд. Ҳамчунин тӯли солиёни зиёд Арабистон ягона кишваре буд, ки занҳояш ҳуқуқи рондани мошинро надоштанд. Ҳамчунин занҳо муваззаф шуданд, ки ҳиҷоб ба бар кунанд.  Ҳамагӣ 17 дарсади қувваи кории Арабистонро  занҳо ташкил медиҳанд.