ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар иттилоъияе, ки имрӯз, 28-уми феврал мунташир карда, ин боздоштшударо Ҳомид Воҳидов, бошандаи 57-солаи ноҳияи Ҳисор, хондааст.
ВУД Тоҷикистон иттилоъ дода, ки Ҳомид Воҳидов барои қочоқи маводи мухаддир дар пайгарди байналмилалӣ қарор дошта ва 26-уми феврал дар Тошканд дастгир шудааст.
Ин ниҳод таъкид карда, ки боздошт ва истирдоди Ҳомид Воҳидов дар чорчӯби иҷрои Шартномаи “Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бо теруризм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, равонгардон ва пешмодаҳояшон” аз 25 маи соли 1999 сурат гирифтааст.
Ҳомид Воҳидов соли 1961 таваллуд шуда ва дар деҳаи Ҳосилот, ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо дар ноҳияи Ҳисор зиндагӣ мекардааст. Вай пештар аз рӯи моддаи 273 Қонуни ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҷурми муомилаи ғайриқонунии маводи мухаддир додгоҳӣ ва зиндон шуда будааст.