Дар Шуғнон паланге пас аз ҳамла ба чорвои мардум дастгир шуд

Ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Шуғнон паланги барфӣ ба чорвои мардум ҳамла кард, ки дар натиҷа 41 бузу гӯсфанд талаф шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Тавре аз раёсати Ҳифзи муҳити зисти вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шакарбек Юсуфбеков ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, дар ноҳияи Шуғнон паланге, ки чорвои мардумро кушта буд, дастгир шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, пештар сокинони деҳаи Имом шикоят бурда будаанд, ки чанд чорвои онҳоро барбри барфие ҳалок кардааст.

"Дубора паланг ба чорвои як хонаводаи дигар ҳамла кардааст. Соҳиби хона пас аз дастгир кардани он ҷонвар зуд ба раёсат занг зад ва мо озодапалангро ба қафас андохтем", — афзуд ӯ.

Ба гуфтаи вай, ҳоло паланг ба ағбаи Кӯҳтезак, ки дар минтақаи дур аз маҳалли аҳолинишин ҷойгир аст, интиқол дода шудааст.

Ба гуфтаи коршиносон, шумораи бабри барфӣ дар Тоҷикистон аз 300 то 350 мерасад.

Коршиносон аз сокинон хоҳиш кардаанд, ки дар ҳолати дучор шудан бо ин ҷонвар аз куштани он даст нигаҳ доранд.