Чор моҳ пас аз тӯй: зани истаравшанӣ кӯдаки навзодашро ба мабраз партофт

Зан барои пинҳон кардани таваллуди фарзанд, кӯдакро ба мабраз партофтааст. Ҳамсояҳо овози тифлро шунида, ӯро аз марг наҷот додаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар шаҳри Истаравшан зани ҷавоне ба иттиҳоми қасди куштори тифли навзоди худ дастгир шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, зани 21-соле дар шаҳри мазкур, рӯзи 21 феврал таваллуд карда, тифлашро ба мабраз партофтааст.

"Зан тахминан соатҳои 08:30 дар ҳоҷатхонаи ҳавлии истиқоматиаш кӯдаки ҷинсаш мардро таваллуд карда, кӯдаки навзоди худро қасди куштан намуда, ба дохили ҳоҷатхона партофтааст",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Тавре манбаъ меафзояд, зан, танҳо 4 моҳ пеш оиладор шуда будаасту мехостааст, далели таваллуд карданашро аз мардум пинҳон кунад.

Овози гиряи кӯдакро ҳамсояҳо шунида, кӯдакро аз марг наҷот дода, оиди ин ҳодиса ба кормандони милитсия хабар додаанд.

Оид ба ин далел тибқи талаботи моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.