Ҳунарнамоии Юлдуз Усмонова дар назди Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев

Дар консерт, ки бахшида ба аввалин сафари Шавкат Мирзиёев ба ҳайси раисҷумҳур дар Душанбе баргузор мешавад, ҳамчунин Шералӣ Ҷӯраев, Фаррух Зокиров ва Нигина Амонқулова баромад мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Тавре расонаҳои Тоҷикистон дар истинод ба манобеи худ дар Ҳукумати кивар хабар медиҳанд, дар ҳошияи аввалин сафари Шавкат Мирзиёев ба ҳайси раисҷумҳур ба Душанбе дар пойтахт консерти муштараки устодони санъати Тоҷикистон ва Узбакистон бо номи "Шоми дӯстӣ" баргузор мешавад.

Ин чорабинӣ шоми 9 март дар "Кохи Борбад" баргузор мешавад. Дар он ҳунарнамоии овозхонону навозандагон ва раққосони ду кишвар дар назар аст.

Тавре сухангӯи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, интизор меравад, ки дар ин шом овозхони машҳури узбакистонӣ Юлдуз Усмонова низ ҳунарнамоӣ кунад.

Гузориш аз консерти Юлдуз Усмонова дар Душанбе

Ҳамчунин дар "Кохи Борбад" Шералӣ Ҷӯраев, Фаррух Зокирова ва Озодбек Назарбеков баромад хоҳанд кард.

Тоҷикистонро дар ин шом Нигина Амонқулова, Давлатманд Холов, опрерасаро Рустам Дулоев ва шашмақомсароён намоянагӣ мекунанд.

тамошобинони консерт раисҷумҳурони Тоҷикистон ва Узбакистон, ҳайъати расмии Узбакистон, намояндагони Ҳукумат ва Маҷлиси Тоҷикистон намояндагони кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ва дигарон мебошанд.

Ёдрас мешавем, овозхни машҳури узбакистони Юлдуз Усмонова охорҳои моҳи майи соли гузашта ба Тоҷикистон сафари ҳунарӣ анҷом дода буд.
Ҳунарманд дар се шаҳри Тоҷикистон — Душанбе, Хуҷанд ва Турсунзода ҳунарнамоӣ карда буд.