Ҷопон барои навсозии ду дабиристон ба Тоҷикистон $180 ҳазор медиҳад

Ҳукумати Ҷопон дар чорчӯби Барномаи Кумакҳои молӣ барои тарҳҳои амнияти башарии мардум (GGP) ба Тоҷикистон боз 180 ҳазор дулор медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ҳукумати Ҷопон барои иҷрои ду тарҳи иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон ба ин кишвар 180 ҳазор дулор кумаки молӣ мерасонад, хабар медиҳад сафорати Ҷопон дар Душанбе.

“Ҳукумати Ҷопон дар чорчӯби Барномаи Кумакҳои молӣ барои тарҳҳои амнияти башарии мардум (Grant Assistance for Grassroots Human Security Projects Programme (GGP)) ба Тоҷикистон 180 ҳазор дулор кумаки пулӣ мерасонад”, — гуфта мешавад дар иттилоъияи сафорат.

Бино бар қарордоде, ки дар сафорати Ҷопон дар Душанбе имзо шуда, ин кумак барои иҷрои тарҳи бозсозии сохтмони дабиристони №94 дар деҳаи Ҷангалобод аз рустоҳои ҷамоати Гулистон дар шаҳри Ваҳдат (90,118 дулор) ва тарҳи сохтусози сохтмони нави дабиристони №31 дар деҳаи Қарошӯра аз рустоҳои ҷамоати Муксу дар ноҳия Лахш (89,946 дулор) ҳазина карда хоҳад шуд.

Чаро Ҷопон ба Тоҷикистон ёрӣ медиҳад?

Барномаи Кумакҳои молӣ барои тарҳҳои амнияти башарии мардум (Grant Assistance for Grassroots Human Security Projects Programme (GGP)) тарҳи Барномаи ҷопонии тавсеъа аст.

Ҷопон аз соли 1996 то кунун дар Тоҷикистон дар чорчӯби ин барнома 389 тарҳро ба маблағи куллии 31,5 милюн дулор иҷро кардааст.

Чунончи, чанде пеш Ҳукумати Ҷопон дар чорчӯби ҳамин Барнома дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои Хуросон, Қубодиён, Шаҳритус ва Ҷайҳун панҷ тарҳи иҷтимоъиро ба баҳрабардорӣ расонд.

Яке аз ин тарҳҳо бозсозии дабиристони рақами 8 дар ноҳияи Хуросон аст, ки Ҳукумати Ҷопон барои иҷрои он камобеш 82,2 ҳазор дулор ихтисос дода буд.

Ҳамчунин, дар шаҳри Қӯрғонтеппа тарҳи сохтусоз ва муҷаҳҳазсозии маркази пуштибони аз бонувони "Дилафрӯз" анҷом ёфт, ки барои ин тарҳ низ 82,2 ҳазор доллар кумаки бебозгашт ихтисос шуда буд.

Афзун бар ин, тарҳҳои беҳбуди сомонаи обрасонӣ (оби нӯшокӣ) дар ноҳияи Қубодиён, эҳё ва сохтусози сохтмонҳои нави дабиристони рақами 29 дар ноҳияи Шаҳритус, бозсозии дуто пул дар ҷамоати Яккадин дар ноҳияи Ҷайҳун ба поён расид. Ҳукумати Ҷопон барои ҳар як аз ин тарҳҳо низ беш аз 84 ҳазор дулор кумаки бебозгашт ироя кардааст.