Гузаргоҳи марзии осонгузар дар марзи Тоҷикистону Узбакистон боз шуд

Шарҳвандони марзнишини Тоҷикистон ва Узбакистон аз ин пас метавонанд аз гузаргоҳи марзии “Ойбек” ба дидори хешовандонашон бираванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Шаҳрвандони марзнишини Тоҷикистон ва Узбакистон аз 10 феврал имкон пайдо кардаанд, ки барои 5 рӯз бе раводид ба ду кишвар рафтуомад кунанд.

Барои рафтуомади бераводиди шаҳрвандони марзнишини Узбакистон ва Тоҷикистон гузаргоҳи марзии “Ойбек” боз шудааст, хабар медиҳад шабакаи телевизюнии “Ӯзбекистон24”.

Гуфта мешавад, ки шаҳрвандони Узбакистон, ки дар шаҳрҳои Оҳангарону Бекобод ва ноҳияҳои Бекобод, Пскент, Оҳангарон ва Бӯка дар вилояти Тошканд зиндагӣ мекунанд, метавонанд аз гузаргоҳи марзии “Ойбек” ба Тоҷикистон сафар кунанд.

Ҳамчунин шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ноҳияҳои Ашт, Масчо ва Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ мекунанд, метавонанд аз ин гузаргоҳ ба қаламрави Узбакистон ворид шаванд.