Воридоти худравҳо ба Тоҷикистон 15 дарсад афзудааст

Ожонси омори Тоҷикистон гузориш дода, ки арзиши куллии худравҳои воридотӣ беш аз 216 милюн дулор будааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Тоҷикистон дар соли 2017 воридоти худравҳоро 15,1 дарсад афзоиш дода, вале содирот 33,99 дарсад коҳиш ёфтааст, гузориш медиҳад Ожонси омор.

Ин ниҳод баровард карда, ки дар соли 2017 воридоти худравҳо 28,3 милюн дулор бештар аз соли 2016 шудааст. Арзиши куллии худравҳои воридотӣ дар соли 2017 андаке бештар аз 216 милюн дулор будааст.

Нав биёру имтиёз бигир: худравҳои нав аз пардохти молиёт озод мешаванд

Ҳарчанд воридоти худравҳо порсол афзоиш ёфта, вале воридкунандаҳои худравҳо мегӯянд, ки талабот ба худравҳои саворӣ дар бозори дохилӣ рӯ ба коҳиш доштааст. Афзоиши воридот аз ин рӯ метавонад натиҷаи воридоти худравҳои борбар бошад, ки барои амалисозии тарҳҳои бузурги иқтисодӣ ворид карда мешаванд.

Тоҷикистон умдатан худравҳои дасти дувумро ворид мекардааст, зеро худравҳои дасти дувум басе арзонтар аз худравҳои нав ҳастанд.

Худравҳои саворӣ ба Тоҷикистон бештар аз кишварҳои Урупо ва канори дарёи Балтик ворид мешаванд. Аммо худравҳои борбар умдатан аз Чин ворид мешаванд.

Чанде пеш Ҳукумати Тоҷикистон ширкатҳоеро, ки худравҳои навро ворид мекунанд, аз пардохти 50 дарсад аз молиёт бар арзиши афзуда озод карда буд. Давлат барои воридоти худравҳое, ки то як сол пеш сохта шудаанд, ширкатҳоро аз пардохти 50 дарсад аз молиёт бар арзиши афзуда озод мекунад.

Ин иқдом бо ибтикори раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта ва Маҷлиси намояндагон 7 феврал Қонуни молиётро ислоҳ карда ва дар ин бора тағйирот дар он ворид кардааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде пеш қарореро тасвиб кард, ки бар асоси он воридоти худравҳое, ки то соли 2005 сохта шудаанд, аз 15 феврал мамнуъ мешавад. Пештар гуфта мешуд, ки Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 воридоти худравҳои кӯҳнаро мамнуъ мекунад.

Хадамоти гумрук ва Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дастур гирифтаанд, ки аз ин пас худравҳои воридотиро бар асоси ин қарори Ҳукумати ҶТ тархису сабт кунанд.