Раҳмон худ раванди омодагӣ ба сафари Мирзиёевро назорат мекунад

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе сафҳаи наве дар равобити ду кишвар боз мекунад, мегӯяд сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Узбакистон Содиқ Имомӣ
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсан бар раванди омодагӣ ба сафари раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе назорат мекунад, гуфтааст Содиқ Имомӣ дар мусоҳиба ба хабаргузории узбакии УзА.

Сафири Тоҷикистон дар Узбакистон таъкид кардааст, ки сафари раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев ба Душанбе сафҳаи наве дар равобити ду кишвар боз мекунад.

Мирзиёев доктори ифтихории Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон мешавад

Содиқ Имомӣ ёдоварӣ кард, ки дар соли гузашта ҳаҷми муомилоти коло миёни ду кишвар 80 дарсад афзуда ва Душанбеву Тошканд талош доранд, ки ин рақамро дар ду соли наздик ба 500 милюн дулор дар сол бирасонанд.

Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев 9 – 10 март ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Пештар хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон эълом карда буд, ки раисҷумҳури Узбакистонро дар Душанбе дар оғози баҳор мунтазиранд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуда буд, ки омодагии сафари раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёевро дар моҳи марти соли ҷорӣ дар Фарғона сарвазирони ду кишвар — Абдулҳай Орипов ва Қоҳир Расулзода баррасӣ карда буданд.

Дар 25 соли ахир байни кишварҳо мунтазам ихтилофоти назар рух медод. Душанбе кишвари ҳамсояро муттаҳам ба бастани роҳҳои оҳану заминӣ мекард. Тошканд низ ҳамвора мухолифаташро бо сохтусози НБО Роғун дар Тоҷикистон эълом мекард, ки ба андешаи мақомоти Узбакистон ба соҳаи кишоварзии минтақа таҳдид мекунад.