Олимон: лимончой ва шарбат ба саломатии инсон хатар доранд

Нӯшидани чойҳои мевагӣ ва нӯшокиҳои турш ба пӯсиши дандон оварда мерасонад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 фев— Sputnik. Лимончой ва нӯшокиҳои туршмазза ба саломатии инсон хатар доранд.

Пас аз санҷишҳои зиёд олимони колеҷи Шоҳигарии Лондон ба ҳамин хулоса омадаанд, хабар медиҳад "Известия" бо такя ба BBC News.

Истеъмоли аз ҳад зиёди ин навъи нӯшокиҳо сабаби вайрон шудани минои дандон мешавад.

Кӣ хушбахттар аст: мардони зандор ё безан

Ҳамчунин ба рӯйхати нӯшокиҳои хатарнок нӯшокиҳои мевагӣ, шарбатҳо, нӯшокиҳои парҳезӣ ва нӯшокиҳое, ки дар таркибашон шакар зиёд доранд, ворид шудаанд.

Ба гуфти олимон пӯсиши дандон бештар дар одамоне дида мешавад, ки ду бор дар як рӯз об ва порае лимон истеъмол мекунанд.

"Агар дар вақти хӯроки нисфирӯзӣ шумо як себ истеъмол кунед, кӯшиш кунед бегоҳ ягон маводи турш истеъмол накунед. Агар ҳангоми шом як финҷон вино нӯшед, пас ҳангоми наҳор ягон навъи чойи мевагиро истишмоъ накунед", — маслиҳат медиҳанд коршиносон.

Ба гуфти олимон барои безарар гардонидани нӯшокиҳо барои саломатӣ, бояд истеъмоли онҳоро дар ҳамарӯза ба мувозинат даровард.

Пештар хабар дода шуд, ки чаҳор финҷон қаҳва дар як рӯз метавонад хатари марги зудрасро паст кунад.