Боз як шаҳрванди Тоҷикистон дар Петербург ба иттиҳоми теруризм боздошт шуд

Аминҷон Хоҷаев ном шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Калинин дар шаҳри Санкт-Петербург то 21 апрел боздошт шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Созмони амнияти федероли Русия (ФСБ) Аминҷон Хоҷаевро 22 феврал ба иттиҳоми омодасозии амалиёти теруристӣ дар Петербург дастгир карда буд.

“Додгоҳи ноҳияи Калинин шаҳрванди Тоҷикистон Аминҷон Хоҷаевро, ки бар асоси моддаи 205.3 Қонуни ҷиноии Русия (тамрин гирифтан барои анҷоми фаъолияти теруристӣ) муттаҳам шудааст, барои ду моҳ, то 21 апрели соли 2018 боздошт кардааст”, — иттилоъ додааст Дафтари матбуотии муштараки додгоҳҳои Петербург.

Пештар гузориш дода шуда буд, ки нерӯҳои амниятии ФСБ Русия дар шаҳри Петербург 22 феврал як муҳоҷир аз Осиёи Марказиро ба иттиҳоми омодасозии ҳамлаҳои теруристӣ дар созаҳои таробарӣ ва маконҳои умумӣ дастгир кардаанд.