Ситораи Болливуд Шридевӣ даргузашт

Ситораи Болливуд Шридевӣ дар синни 54-солагӣ аз олам даргузашт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Ҳунрманди номдори Болливуд, Шридевӣ шаби рӯзи шанбе дар синни 54-солагиаш дар шаҳри Дубай аз олам чашм пӯшид.

Ба гузориши расонаҳои ҳиндӣ, хонун Шридевӣ аз бемории қалб ранҷ мебурд. Ӯ ба шаҳри Дубай ҳамроҳи ҳамсараш Бонӣ Капур ва духтараш Хушӣ  барои ширкат дар маросими арӯсӣ омада будааст.

Дар ҷараёни ин маросим ситораи Болливуд аз сактаи қалб ҷон бохтааст. Нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ, бо аҳли хонавода ва хешовандони Шридевӣ ҳамдардӣ баён кардааст.

Шридевӣ, яке аз ҳунарпешагони номдори Ҳиндустон буд. Ӯ дар беш аз 300 филм нақш офаридаасту дар Тоҷикистон ҳам шинохта аст.

Пештар хабар дода шуд, ки Ситораи Болливуд Шаши Капур дар синни 80-солагӣ вафот кард.

Шаши Капур дар чанде аз филмҳои машҳури ҳиндӣ нақш бозидааст. Дар соли 1989 ҳунарманд якҷоя бо мутахассисони кинематографияи Иттиҳоди Шуравӣ афсонаи "Шоҳзодаи сиёҳ Аҷуба"-ро ба навор гирифта буд.