Ин чӣ шӯрест: дар Хуҷанд писаре падар кушт

Ҷавон дар ҳолати мастӣ бо падар ҷанҷол карда, бо миз ба сари падар задааст. Сипас, бо ин ҳам қаноат накарда, сари падарашро ба куҷндевори тезе мезанад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Тавре Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, милисаи шаҳри Хуҷанд ҷинояти куштори падарро аз ҷониби писар ошкор кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани амалиёти ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса марди 29-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

"Муттаҳам, рӯзи 21-уми феврали соли 2018, тахминан соати 22:00-дақиқа, дар ҳавлии истиқоматиаш ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо падараш, марди 61-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо мақсади қасдан расонидани зарар ба саломатӣ, ба сари падараш аввал бо миз ва баъдан сарашро ба кунҷдевори тиреза задааст",- тавҳеҳ медиҳад манбаъ. 

Дар натиҷа, марди ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса, ба ҳалокат расидааст. 

Ҷавони муттаҳам боздошт шуда, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Тафтишот идома дорад.