Борон меборад: обу ҳаво барои имрӯз

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik.Имрӯз, 24 феврал дар вилояти Суғд ҳаво абрноки бебориш  буда, шамол аз самти шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-7 дараҷа ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  абрноки тағйирёбанда ва бориши борон пешгӯӣ шудааст. Ҳаво  шабона —5-3 дараҷа сард ва рӯзона +3+5 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳаво  тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ шабона 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона +8+10 ва рӯзона +14+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ва шаҳри Душанбе ҳавои абрнок пешбинӣ шуда, дар нимаи рӯз боридани борон дар назар аст. Ҳаво шабона +6+8 ва рӯзона +12+14 дараҷа гарм мешавад.