Аҳмадзода барои аёдати кӯҳансарбозони ҶБВ ба Конибодом рафт

Раиси вилояти суғд, Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати кӯҳансарбозони шаҳри Конибодом рафт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 фев— Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Cуғд, рӯзи 21 феврал Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом ду нафар собиқадоронро аёдат кардааст.

Гуфта мешавад, ки роҳбари вилоят дар остонаи таҷлили Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи ба манзили иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мансур Қосимов ва Комилҷон Қобилов рафта, аз вазъи саломатӣ ва шароити зиндагии онҳо пурсон шудааст.

Ашки шодӣ, дидори наздикон: хурсандии мардуми Тоҷикистону Узбакистон аз боз шудани марз

Зимни боздид собиқадорон бо ёдоварӣ аз солҳои вазнини зиндагии худ аз пойдории сулҳу субот дар Тоҷикистони соҳибистиқлол шукрона карда, барои дастгириҳои пайваста ба Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос кардаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи сафари корӣ бо ҷараёни корҳои ободонӣ дар гузаргоҳи сарҳадии "Равот", ки дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон қарор дорад, ошно шудааст.

Роҳбари вилоят дар аснои шиносоӣ ба масъулин дастур додааст, ки корҳои ободонӣ тибқи нақша ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шавад.