Меғ мефарояд: обу ҳаво барои имрӯз

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар бештари ноҳияҳо фаромадани туман дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Имрӯз, 22 феврал дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, фаромадани туман пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-2 дараҷа ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи абрнок дар назар аст. Дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 15-20 дараҷа сард ва рӯзона 4-1 дараҷа гарм мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, туман мефарояд. Рӯзона шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 2-4 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳарорат шабона 1-4 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи камабр дар назар буда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.