Бо андӯҳи амиқ: ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳасан Руҳонӣ

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба кишвардори Эрон номаи таслият равон кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳасан Руҳонӣ ва мардуми Эрон изҳори ҳамдардӣ кардааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Дар барқияи таслият аз ҷумла омадааст:.

"Ҷаноби Олӣ, фоҷеаи ҷон бохтани мардум бар асари суқути ҳавопаймои мусофирбар дар вилояти Исфаҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон боиси андуҳи амиқи мо гардид.

Бо изҳори ҳамдардиву тасаллияти самимии хеш ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон сабри ҷамил хоҳонам".

Ёдоварӣ мекунем, ки рӯзи 18 феврал дар Эрон ҳавопаймое бо 60 мусофир суқут кард.

Ин ҳавопаймо аз Теҳрон ба Ёсуҷ парвоз мекард.