То 18 дараҷа гарм: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Cозмони ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 19 феврал ҳаво дар саросари кишвар тағйирёбандаи бебориш мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 фев— Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва бебориш шуда ҳарорати ҳаво дар бархе аз ноҳияҳо то 18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, бод аз сӯи ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-5 дараҷа сард ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Баҳор қариб аст: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои офтобиву бебориш дар назар аст

Ҳаво дар ВМКБ тағйирёбандаи абрнок шуда, дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа сард ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 9-14 дараҷа сард ва рӯзона 2-3 дараҷа гарм мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, рӯзона бод аз сӯи шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи камабр дар назар аст.

Бод аз сӯи шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар шаҳри Душанбе шабона 0-2 ва рӯзона 16-18 дараҷа гарм мешавад.