ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, чунин тадбирҳо дар асоси ҳидоятҳои Эмомалӣ Раҳмон андешида мешаванд.
Дар қисми ҳарбии 01972-и Қушунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Бӯстон корҳои азнавбарқароркунии хобгоҳи сарбозон идома дорад.
Зимни ошноӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонии хобгоҳ, Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини Идораи сохтмони асосии вилоят ва сохторҳои дахлдор супориш додааст, ки ба сифати корҳо бештар диққат диҳанд.
Таъкид гардидааст, ки минбаъд дар қисмҳои низоми минтақаи Суғд барои дидорбинии сарбозону пайвандонашон шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
Гуфта мешавад, ки хобгоҳи мазкур барои беш аз 120 нафар пешбинӣ шуда, ба таври замонавӣ сохта мешавад.
Зимни сафар ба шаҳри Бӯстон роҳбари вилоят ҳамчунин бо рафти корҳои ободонӣ дар кӯчаи ба номи Бобоҷон Ғафуров шинос гардидааст.
Дар аснои шиносоӣ ба роҳбарияти шаҳр дастур дода шудааст, ки барои васеъ намудани паҳноии роҳ ва бо тартиби муайян шинонидани ниҳолҳои ороишӣ чораҷӯӣ намояд.
Ҳамчунин супориш дода шудааст, ки дар кӯчаву хиёбон ва дигар мавзеъҳои истироҳатӣ ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва гулҳои рангоранг шинонида шавад.
Тибқи дастури роҳбари вилоят минбаъд дар шаҳри Бӯстон ба корҳои ободониву созандагӣ вусъат бахшида мешавад.
Пештар хабар дода шуд, ки раиси вилояти Суғд дар марзи Тоҷикистону Узбакистон ниҳол шинонд.