Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон сафар мекунад

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Раҳбарони Тоҷикистон ва Қазоқистон Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев дар гуфтугӯи телефонӣ масоили ҳамкориҳои ду кишвар ва дурнамои густариши онҳоро дар чорчӯби мушорикати роҳбурдӣ баррасӣ карданд.

Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ин гуфтугӯ “ҷараёни омодагирии ҷонибҳо ба сафари дарпешистодаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор дошт”.

“Гуфтугӯи телефонӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт”, гуфта мешавад дар ин хабар.