Тилло ва коғаз: роҳбурди аслии Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2018

Афзоиши захираҳои арзиву тилло ва фурӯши вомбаргҳои давлатӣ барои рушди иқтисоди Тоҷикистон ҷиддан кумак хоҳанд кард, аммо агар сармояеро, ки аз ин роҳ ба даст меояд, бар бод надиҳанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Тоҷикистон тасмим гирифта, ки дар соли 2018 низ тилло харид карда ва коғазҳои баҳодорашро дар бозорҳои ҷаҳонӣ бифурӯшад, гуфта буд чанде пеш Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Бонки миллӣ захираҳои арзии Тоҷикистонро дучандон афзуд

Вай аз амалкарди БМТ дар соли 2017 гузориш доду ду дастоварди муҳимин онро бозгӯ кард. Яке аз онҳо афзоиши захираҳои арзиву тилло ба бештар аз ду баробар аст, ки дар паи хариди беш аз 4 тонна тилло аз ширкатҳои истихроҷкунандаи ин филизз ба даст омадааст.

Дувум дастоварди БМТ фурӯши вомбаргҳо ва коғазҳои баҳодори Тоҷикистон дар бозорҳои ҷаҳонӣ аст, ки нахустин бор дар соли 2017 ба ҷаҳониён арза шудаанд.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода афзуд, ки Тоҷикистон порсол ба арзиши 500 милюн дулор коғази баҳодор фурӯхта аст ва Бонки миллӣ дар назар дорад, ки имсол низ вомбаргҳояшро дар бозорҳои ҷаҳонӣ бифурӯшад.

Sputnik Тоҷикистон аз коршиносони иқтисодӣ пурсид, ки ин роҳбурдҳои молии Бонки миллӣ чи асаре бар иқтисоди Тоҷикистон хоҳанд дошт?

Ярослав Лисоволик, иқтисоддони аршади Бонки тавсеъаи уросиёӣ, дар ин бора гуфт, афзоиши захираҳои арзиву тилло афзорест, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо корбурди он хоҳад тавонист арзиши сомониро нигаҳ дорад ва пеши роҳи судҷӯёнро дар бозори муомилоти арзии кишвар бигирад.

“Агар Бонки миллӣ захираи арзиву тилло ба андозаи кофӣ дошта бошад, судҷӯён наметавонанд дар бозори муомилоти арзӣ ба дилхоҳи худ амал кунанд. Аз ин рӯ, стротежии андӯхти сармоя дар чунин шароите дуруст аст ва метавонад коҳиши нархи мубодилаи сомониро пешгирӣ кунад”, — гуфт Лисоволик.

Вай муътақид аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо дар пеш гирифтани сиёсати шиддат додан ба мубориза бо афроди судҷӯ дар бозори муомилоти арзӣ, бастани саррофиҳо ва роҳандозии хариду фурӯши арзҳои хориҷӣ танҳо дар марокизи муҷози бонкҳои тиҷорӣ муваффақ шуд, ки дар соли 2017 арзиши сомонӣ — воҳиди пули миллии ин ҷумҳуриро дар баробари доллар ҳифз кунад.

Ба гуфтаи Лисоволик, арзиши як доллар дар баробари сомонӣ дар соли 2017 ва оғози соли 2018 дар ҳадди ҳашт сомонӣ ва 80 дирам боқӣ мондааст, ки дастоварди арзишманде барои Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.

Чанд рӯз қабл Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон аз хариди беш аз чаҳор тонна тилло аз ширкатҳои тавлидкунандаи ин филизи гаронбаҳо дар дохили ин кишвар хабар дод.

Ҳамчунин Вазорати саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон эълом кард, дар соли 2017 дар ин кишвар 5,5 тонна тилло тавлид шуда, ки 2,11 дарсад бештар аз соли 2016 аст.