“Кобра” дар Душанбе дастгир шуд

Кормандони раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе Умарҷон Маҳмадиев ном дуздеро, ки маъруф ба “Кобра” буда, дастгир кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Кормандони Шуъбаи якуми ВКД Тоҷикистон дар ноҳияи Сино Умарҷон Маҳмадиев ном шаҳрванди 21-соларо, ки собиқаи ҷиноӣ дошта дар миёни табаҳкорон ба “Кобра” маъруф аст, ба иттиҳоми судури чанд маврид дуздӣ дастгир карданд.

Ба гузориши равобити умумии Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, “Кобра” шабона тирезаҳои худравҳои шаҳрвандонро бо мурваттоб мешикаста ва пулу теелфонҳои ҳамроҳ, дастгоҳҳои роҳнамо ва дурбинҳои пешхонро медуздидааст.

Бино бар ин гузориш, вай шаби 1-уми феврал тирезаи худрави “Тойота Королла”-ро, ки дар кӯчаи Нусратулло Махсум истода буда, шикаста ва аз дарунаш телефони ҳамроҳ, пул ва дурбини пешхон ё видеорегистраторро дуздидааст.

Подозреваемый в преступлении гражданин Таджикистана, по кличке Кобра

Нерӯҳои интизомӣ ин табаҳкорро муттаҳам ба 30 маврид дуздӣ карда ва хисорот аз табаҳкориҳои ӯро  50 ҳазор сомонӣ баровард кардаанд.

Умарҷон Маҳмадиев муттаҳам ба судури пешбинишуда дар моддаи 244 Қонуни ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда ва боздошт шудааст.