Бо хони тоҷикӣ: Sputnik Тоҷикистон дусолагиашро таҷлил кард. Навор

Ба табрики Sputnik Тоҷикистон намояндагони расмии Тоҷикистон ва аъзоёни созмонҳои бонуфузи тоҷикон дар Маскав омада буданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik.  Пойгоҳи хабарии Sputnik Тоҷикистон ду соли фаъолияташро дар гирди хони тоҷикӣ бо дӯстон таҷлил кард.

Пойгоҳи Sputnik Тоҷикистон бо ду забон, тоҷикӣ ва русӣ мавод мунташир мекунад. Солрӯзи ин пойгоҳ дар маркази матбуотии байналмилалии "Россия сегодня" таҷлил шуд.

Ба табрики Sputnik Тоҷикистон намояндагони расмии Тоҷикистон ва аъзоёни созмонҳои бонуфузи тоҷикон дар Маскав омада буданд.

Дастовардҳои Sputnik Тоҷикистон дар ду сол
 

Пас аз қисми расмӣ барои меҳмонон хони тоҷикӣ бо оши палав ва шириниҳо ороста шуд, ҳунармандони созмони "Нур" ва овозхони маъруф Аброр Назаров барои ҳозирин ҳунарнамоӣ карданд.

"Дар тӯли ду соли фаъолият Sputnik Тоҷикистон ҷойгоҳи худро пайдо кард. Вазорати мо доиман бо пойгоҳи шумо ҳамкорӣ мекунад. Sputnik Тоҷикистонро бо дусолагиаш муборакбод мегӯям ва ба аҳли кормандон комёбиҳои ҳунариро орзу дорам ва бигзор хабарҳоятон доиман фаврӣ ва холисона бошад", — гуфт сухангӯи Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия Аҳмадов Иброҳим.

"Мо аз таҷлили солрӯзи Sputnik Тоҷикистон ҳамроҳи дӯстон бисёр шодем. Дар тӯли ду сол пойгоҳи хабарии Sputnik Тоҷикистон тарҳҳои гуногуни мултимедиявиро роҳандозӣ кардаву даҳҳо ҳазор маводу хабар нашр кардааст. Дар ҳоли ҳозир пойгоҳи мо миёни расонаҳои тоҷикӣ мақоми дуюмро касб кардааст. Албатта ин боиси ифтихор аст", — гуфт муҳаррири Sputnik Тоҷикистон Анастасия Лебедева.

Празднование двухлетия Sputnik Таджикистан

"Аз номи кулли ҷомеаи тоҷикони Маскав Sputnik Тоҷикистонро бо солрӯзаш муборакбод мегӯем! Бояд гуфт, ки Sputnik Тоҷикистон анъанаҳои хуби дӯстонаи солҳои шӯравиро идома дода, пулҳои кандашударо аз сар пайваст мекунад, хабарро чунин менависад, то миёни Тоҷикистону Русия зиддияте пайдо навашад. Мехоҳем миннатдориамонро барои нишон додани орбази мусбии тоҷикон ба халқи Русия иброз намоем", — гуфт раҳбари Маркази фарҳангии тоҷикони Маскав Хуршеда Ҳамроқулова.

Пас аз қисми расмӣ меҳмонон ба толори меҳмондорӣ даъват шуданд. Таҳти навои марғуби тоҷикӣ ба меҳмонон Sputnik оши палав шириниҳо ва нӯшокиҳо пешниҳод шуд. Овозхони номдор Аброр Назаров дар охири чорабинӣ бо сурудҳои дилкаш ҳамаро ба майдони рақс кашиду як базми тоҷикона барпо кард.

Оҷонсии Sputnik Тоҷикистон дар давоми ду соли фаъолияташ рухдодҳои муҳим аз ҷумла Шӯрои иқтисодии ИДМ, Бозиҳои байналмилалии АРМИ-2017, тамриноти низомии СПАД, Ҷашнвораи ҷаҳонии донишҷӯёну ҷавонон, Форуми байналмилалии "Русия-Тоҷикистон", Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Узбакистон ва Узбакистон дар Тоҷикистон ва дигар рухдоҳои фарҳангию диниро ба баррасии хонандагон гузоштааст.

Маводҳои хабарнигори Sputnik Тоҷикистон борҳо дар озмунҳои байналмилалӣ беҳтарин шинохта шудаанд.

Дар байни дӯстон: Sputnik Тоҷикистон дусолагиашро ҷашн гирифт

Оҷонсии байналмилалии Sputnik Тоҷикистон фаъолияташро 15 феврали соли 2016 оғоз кард. Ин вебгоҳи хабарӣ бо ду забон тоҷикӣ ва русӣ матолиб нашр мекунад.
Sputnik Тоҷикистон яке аз ҷойҳои намоёнро миёни расонаҳои Тоҷикистон касб кардааст.

Дар давоми ду соли фаъолият дар Sputnik Тоҷикистон беш аз 17 ҳазор мавод, 5 000 мусоҳиба, 1 000 видео, 350 гузориши аксӣ ва 1 550 сабти овозӣ мунташир шудааст.

Sputnik ҷаҳони рангорангро, ки дар он ҳар як кишвар фарҳанг, таърих, урфу одатҳои худро дорад нишон медиҳад.
Ҳар як нашриёти Sputnik дар пойтахтҳои бузурги мамлакатҳои ҷаҳонӣ тариқи сомонаҳои интернетӣ хабар ва барномаҳои радиоӣ пешниҳод мекунад. Ҳаҷми умумии пахши барномаҳои радиоӣ бо 30 забони дунё дар соли 2015 аз 800 соат дар як шабонарӯз дар 130 шаҳри дунё ва 34 кишвари ҷаҳон зиёдтар аст.