Обуҳаво барои имрӯз: барфу борон намеборад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, рӯзҳои истироҳатӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik.Имрӯз, 17 феврал дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-5 дараҷа сард ва рӯзона 2-4 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи абрнок шуда, дар ғарби вилоят шабона ва рӯзона 5-10 ва рӯзона 4-1 дараҷа сард хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 15-20 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, рӯзона фаромадани туман  пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 1 ва рӯзона 2-4 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар шаҳри Душанбе шабона 0-2 ва рӯзона 12-14 дараҷа гарм мешавад.