Дар Петербург се тоҷик ба иттиҳоми ғоратгарӣ дастгир шудаанд

Кормандони пулис се шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми ғорати сохтмонҳои навсоз дар вилояти Ленинград дастгир карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Кормандони бозҷӯии ҷиноӣ ин се муҳоҷирро ба иттиҳоми ғоратгарӣ дар ноҳияи Гатчинский дастгир кардаанд, гузориш медиҳад равобити умумии Идораи кулли ВКД Русия дар Петербург ва вилояти Ленинград.

Бино ба гузориши расонаҳои теребургӣ, ин муҳоҷирон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Пулис ин муҳоҷронро муттаҳам ба ҳамлаҳои ғоратгарона ба созаҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Гатчинский кардааст. Хисорати куллӣ аз дасти ин ғоратгарон беш аз 1,2 милюн рубл баровард шудааст.

Бозҷӯён табаҳкории ин гурӯҳро бозҷӯӣ доранд. эҳтимол дорад, ки дигар мавридҳои ғоратгарӣ ва ҳамдастонашон ҳам ошкор шаванд.