Дар Тоҷикистон теъдоди навзодони соли 2017-ро шумурданд

Созмони омори Тоҷикистон гузориш дода, ки соли 2017 дар кишвар 1,3 дарсад камтар аз соли 2016 кӯдак ба дунё омадааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Соли 2017 дар Тоҷикистон 227,3 ҳазор кӯдак ба дунё омадааст, гузориш дод Гулнора Ҳасанзода, мудири Ожонси омори давлатии Тоҷикистон.

“Шумораи навзодон дар соли 2017 нисбат ба соли 2016  1,3 дарсад коҳиш ёфтааст. Коҳиши таваллуд дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мушоҳида мешавад", – гуфт Ҳасанзода.

Дар Тоҷикистон базаҳкории кӯдакон рӯ ба афзоиш ниҳодааст

Вай ҳамчунин гуфт, дар як сол 32,8 ҳазор маргумир сабт шудааст.

Мудири Созмони омори давлатии Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, ки мизони умумии зодоварӣ 25,7 бар ҳар ҳазор нафар буда, вале мизони умумии маргумир 3,7 бар ҳар ҳазор нафарро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, ки маргумир дар Тоҷикистон порсол нисбат ба перорсол 0,7 дарсад камтар шуда ва афзоиши табиии ҷамъият 1,4 дарсадро ташкил додааст.