Яке аз фармондеҳони аслии "Толибон" дар Афғонистон кушта шуд

Мулло Абдулло яке аз фармондеҳони асосии "Толибон" буд ва маҳв гардидани ӯ метавонад барои ифротиён дар музофоти Қундуз зарбаи ҷиддӣ гардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Рӯзи чоршанбе дар вулусволии Дашти Арчии музофоти Қундузи Афғонистон бар асари бархӯрди низомиён бо ҷангиёни ҳаракати "Толибон" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) се нафар ифротиён, аз ҷумла, фармондеҳи асосии онҳо Мулло Абдулло кушта шуданд. Дар ин бора агентии "Синхуа"-и Чин бо истинод ба изҳороти сардори вулусволии Дашти Арчӣ Насруддин Назарӣ хабар медиҳад.

"Гурӯҳи ҷангиёни "Толибон" зери роҳбарии Мулло Абдулло субҳи рӯзи чоршанбе ба нуқтаи назоратӣ-гузаргоҳии артиши миллӣ дар вулусволии Дашти Арчӣ ҳамла карданд. Низомиён ба онҳо оташи ҷавобӣ доданд. Зимни тирпарронӣ Мулло Абдулло ва ду нафар ҷангиёни дигар кушта шуданд. Ҳамчунин ду нафар ҷангиён маҷрӯҳ гардиданд", — изҳор дошт Насруддин Назарӣ.

Тавре ӯ афзудааст, зимни тирпарронӣ миёни низомиён ва сокинони осоишта касе осеб надидааст.

Насруддин Назарӣ ҳамчунин гуфт, ки Мулло Абдулло яке аз фармондеҳони асосии "Толибон"  буд ва маҳв гардидани ӯ метавонад барои ифротиён дар музофоти Қундуз зарбаи ҷиддӣ гардад.