Раиси шаҳри Хуҷанд дар пояи Муҷассамаи ҷанговарони байналмилал гулчанбар гузошт

15-уми феврали соли 1989, сарбозони собиқ Иттифоқи Шӯравӣ хоки Афғонистонро тарк карданд. Дар ҷанги 10-солае, ки Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави Афғонистон ҳузур дошт, зиёда аз 15 000 сарбозонашро аз даст дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 фев- Sputnik. Субҳи имрӯз ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи хуруҷи нерӯҳои низомии собиқ Иттифоқи Шӯравӣ аз хоки Афғонистон дар назди Муҷассамаи ҷанговарони байналмилалии боғи Ғалабаи шаҳри Хуҷанд маросими гулчанбаргузорӣ сурат гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд.

"Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, намояндагони консулгарии  Русия дар шаҳри Хуҷанд, Раисони собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Хуҷанду вилояти Суғд, раисони ташкилотҳои ҷанговарони интернатсионалист, ҷанговарони интернатсионалист, кормандони комиссариати ҳарбии шаҳр, ва дигарон дар пояи Муҷассамаи ҷанговарони байналмилал гулчанбар гузоштанд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

15-уми феврали соли 1989, сарбозони собиқ Иттифоқи Шӯравӣ хоки Афғонистонро тарк карданд. Дар ҷанги 10-солае, ки Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави Афғонистон ҳузур дошт, зиёда аз 15 000 сарбозонашро аз даст дод.

Ҳамасола Рӯзи хурӯҷи нерӯҳои низомӣ аз Афғонистон ба ҷашни касбии собиқадорони интернатсионалист мубаддал ва рӯзи шаҳидони дар ин ҷанг ҳалокгардида қайд гирифта мешавад.

Ба ин муносибат аз тарафи Шӯрои собиқадорони интернатсионалист дар макотиби таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ хонандагон силсилаи мулоқотҳо бо собиқадорони интернатсионалист баргузор шуда истодааст.