ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон хушдоманҳои зиёде муроҷиат карда, аз келинҳояшон шикоят кардаанд: арӯсони ҳозира бисёр хоб мекунанд.
Ба гуфтаи раиси Кумитаи занон Идигул Қосимзода чунин шикоятҳо на танҳо аз ҷониби хушдоманҳо расидааст, балки шавҳарони ҷавон ҳам аз серхобии арӯсон шикоят кардаанд.
"Мо дар посух гуфтем, ки ин ҳамон занҳо фарзанду набераҳои шуморо дар батни худ мепарваранд. Бояд аз пайи саломатии онҳо шуд",- мегӯяд Қосимзода.
Ба гуфтаи раиси Кумита, ин ниҳод чонд коршиносеро аз кишварҳои хориҷӣ даъват карда, барои мардҳо дасрсҳои омӯзишӣ ташкил кардааст: мардҳо огаҳ шуданд, ки барои зани ҳомила бояд чӣ шароитеро фароҳам овард.
Қосимзода ҳамчунин дар рафти нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод, ки дар соли 2017 2 100 талоқ ба қайд гирифта шуд. Дар ҳоле, ки оилаҳои пошхӯрда қариб ҳама ҷавон буданд.
"Ба мо наздики якуним ҳазор аризаи ҷабрдидаҳои хушунати хонаводагӣ ворид шудааст. Дар натиҷаи дида баромадани ин аризаҳо 281-тои он ба додгоҳ супурда шуд ва парвандаи ҷиноӣ боз гардид",- мегӯяд вай.
Ба гуфтаи Идигул Қосимзода дар соли 2017 дар ҳудуди Тоҷикистон 497 ҳолати худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 99 ҳолат камтар мебошад.
Аммо Қосимзода аз ин шумора маълум накарда, ки чанд нафарашон зан ва ё кӯдак буданд. Ӯ гуфт, беҳтар ин саволро аз Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон пурсид.
Аммо Қосимзода афзуд, худкушӣ байни занон бештар дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шуд.
"Занҳо даст ба ҷони худ мезананд, бехабар аз он ки гуноҳи азиме содир мекунанд",- гуфт ӯ.
Бояд қайд кард, ки аз қадимулайём дар хонаводаи тоҷикон ба занҳо таълим дода мешавад, ки бонуи хона бошанд ва ба падару модари шавҳар хидмат кунанд.