Падруд, Турсунзода, Шоҳтемур, Айнӣ: БМТ пулҳои коғазиро бо сиккаҳо ҷойгузин мекунад

Бонки миллии Тоҷикистон бархе аз пулҳои коғазиро бо сиккаҳо ҷойгузин мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифта, ки пулҳои коғазии яксомонӣ, сесомонӣ ва панҷсомониро бо сиккаҳои баробарашон ҷойгузин кунад.

"Сиккаи қадимӣ-2": боз як интиқоли ғайриқонунии тангаи қадима пешгирӣ шуд

Раиси БМТ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода гуфта, ки ин сиккаҳо дар Қазоқистон зарб зада мешаванд ва имсол дар нимсолаи аввал ҷойгузини пулҳои коғазӣ карда хоҳанд шуд.

Далели ин ҷойгузиниро БМТ зуд фарсудаву пора шудани пулҳои яксомонӣ, сесомонӣ ва панҷсомонӣ гуфта, ки бештар аз дигар пулҳо дар муомилот ба кор мераванд. Аммо раиси Бонки миллӣ миқдори куллии сиккаҳоро мушаххас накард.

Пештар хабар дода шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бунгоҳҳои эътибориро муваззаф карда, ки пулҳои коғазии фарсудаву порашудаи шахсҳои ҳақиқӣ ва ҳуқуқиро ройгон бо пулу сиккаҳои нав иваз кунанд.