БДА рақамҳои зебои силсилаи "НА" - 01, "ВЕ" - 07, "DO" - 08-ро мефурӯшад

Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон аз эълони музояда барои фурӯши аломатҳои сабти давлатии силсилаи "НА" - 01, "ВЕ" - 07 ва "DO" - 08 хабар медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 фев— Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ, музояда рӯзи 24 феврал дар толори Раёсати БДА баргузор мешавад.

Ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт расонида мешавад, ки дар торихи 24 феврали соли 2018 аломатҳои сабти давлатии силсилаи НА" — 01, "ВЕ" — 07 ва "DO"-08 ба таври музояда фурӯхта мешаванд.

Музояда аз соати 10:00 дар толори Раёсати БДА оғоз мешавад.

"Нархи як лот 630 сомонӣ аст", — омадааст дар иттилоъия.

Гуфта мешавад, ки қабули дархостҳо ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо барои ширкат дар музояда се рӯз пеш аз гузаронидани музояда сурат мегирад.

Манбаъ меафзояд, ки хоҳишмандон бояд: нусхаи шиносномаи миллӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда ва нусхаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ба воситаи нақлиётро бо худ дошта бошанд.

Рақамҳои зебо дар сафҳаи ВКД нашр шудааст.

БДА пештар аломатҳои сабти давлатии силсилаи "ВВ" — 07 ва "ЕМ" — 01 —ро ба фурӯш гузошта буд.