Рӯзи ошиқонро дар Душанбе чӣ гуна таҷлил карданд?

Sputnik

Дар Рӯзи Валентин фурӯшандагон имкони шод намудани муштариёнашонро бо пешниҳодҳои шавқовар аз даст намедиҳанд ва, албатта, даромад аз фурӯши маҳсулоти қандӣ-гулдастаӣ хоҳанд бардошт.

ар остонаи 14-уми феврал бисёриҳо дар пайи таҳияи тарҳҳо ва саҳмҳои бениҳоят бузург мешаванд. Махсусан ин бор бунгоҳи шодмонии "О'Бале", ки тасмим гирифтааст ба "дилҳои танҳо" имкони ёфтани муҳаббати худро диҳад.

"Бунгоҳи мо худ ба худ барои тӯҳфаи бахт офарида шудааст, аммо ин дафъа тарҳи озмоишии "Дӯстёбии шитобон"-ро роҳандозӣ намуда, тасмим гирифтем, ки, агар чунин гуфта шавад, дар ибтидои ин эҳсосоти зебо қарор гирем. Ин фикри нав нест — speed dating, яъне дӯстёбии шитобон, 20 соли пеш дар Ғарб ба вуҷуд омада буд, вале дар Тоҷикистон ин, албатта, чизи наве хоҳад буд", — гуфт ба Sputnik Тоҷикистон намояндаи "О'Бале" Фарангис Исомова.

Ҳамин тавр, то 14-уми феврал оҷонсӣ 20 нафар зану мардро аз Душанбе ҷамъ мекунад, ки дар назди онҳо имкони во хӯрдани нисфҳои дигари дӯстдоштаашон пайдо хоҳад шуд. Иштирокчиёнро дар ин шакли вохӯрии якум, чун қоида, аз рӯи манфиатҳои умум, категорияи синну сол ва ҳолати мақомии кунунияшон интихоб мекунанд.

"Тарҳро шурӯъ намуда, мо, ростӣ, таваҷҷӯҳи хосеро интизор набудем, чунки зеҳнияту анъанаҳои Тоҷикистон барои чунин намуди шиносоӣ на он қадар муносибанд. Аммо бо шигифтии олӣ мехоҳам гӯям, ки хоҳишмандон моро аризаборон карданд. Дар байни онҳо махсусан он нафароне буданд, ки синнашон аз 30 зиёд буд. Бисёре аз онҳо дар гузашта таҷрибаи на он қадар хуби ҳаёти оилавӣ доранд. Мардони бисёре ҳастанд, ки ҷудо шудаанду кӯдакдоранд", — мегӯяд ӯ.

1 / 8
Корти Валентин, акс аз бойгонӣ
2 / 8
Фурӯшгоҳи тӯҳфаҳо ба Рӯзи ошиқон оро дода шуданд
3 / 8
Фурӯшандае дар кӯчаҳои Душанбе пуфак мефурӯшад
4 / 8
Фурӯшгоҳҳо барои ҷалби бештари муштариён тахфиф эълон мекунанд
5 / 8
Дар пурсише занҳо гуфтаанд, барояшон беҳтарин тӯҳфа корти корти Валентин ва гул аст
6 / 8
Тӯҳфаҳоро метавон на танҳо барои дӯстддошта харид, балки наздикону дӯстони худро метавон бо ин рӯз табрик кард
7 / 8
Ҳар як духтар орзу дорад, ки дар ин ҷашн дӯстдоштааш ба ишқаш иқрор шавад
8 / 8
Маъшуқе аз дасти ошиқе тӯҳфа мегирад