ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Охирҳои ҳафтаи гузашта ВУД дар як рӯз се хабар мунташир кард: ду ҳамла бо корд ва як ҳамла бо табар, ки ҳама муттаҳамамон дар ҳолати мастӣ қарор доштанд.
Имрӯз, вазоратхона гузориш додааст, ки боз як ҷиноятеро ошкор кардааст. Дар ин ҳолат низ муттаҳам ҳангоми даст задан ба ҷиноят дар ҳолати мастӣ қарор дошт.
Бино бар иттилои манбаъ, 11-уми феврали соли равон, тахминан соати 08:00-дақиқа ба ШВКД дар ноҳияи Бохтар хабари телефонӣ расид, ки шахси номаълум марди 33-солаи сокини деҳаи Қизилпартизони ноҳияи мазкурро дар хонаи истиқоматиаш ба воситаи олоти халандаю буранда зада, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидааст.
Номбурда, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат мерасад.
"Зимниамалиёти бозҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти Бостонқалъаи ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаҳои 240, 220, 89, 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир гардид",-гуфта мешавад дар хабар.
Муайян карда шуд, ки номбурда дар ҳолати мастӣ аз сабаби муноқишаи оилавӣ қасдан бо корд ба узвҳои бадани ҷабрдида зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст, афзудааст ВУД.
Аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи модддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.