Оё Ислом иҷоза медиҳад, ки занҳо бо роҳи маснуъӣ бордор карда шаванд?

Чанде пеш уламои Узбакистон мавзуъи бордорсозии маснуъиро аз дидгоҳи ислом баррасӣ карда буданд. Коршиносони улуми дини Русия низ дар ин бора дидгоҳашонро эълом карданд
Sputnik

Дар бораи ҳомиладории маснӯӣ узви Шурои иҷтимоии Русия, муфтӣ Албир Крганов сӯҳбат мекунад.

Чанде пеш Идораи умури динии мусулмонони Узбакистон фатвоеро дар бораи бордорсозии маснуъӣ мунташир кард, ки дар он мушаххас шуда, ки кадоме аз занон метавонанд аз ин хидматрасонии пизишкӣ истифода кунанд.

Альбир Крганов: наука не противоречит исламу

Крганов мегӯяд, ба уламои Узбакистон итминон дорад, ки дар ин бора хулосаи дурустеро пешниҳод кардаанд.

"Ин фатво ба ҳамон нафароне дахл дорад, ки худро мусулмон мешуморанд ва аз рӯйи фатво амал мекунанд. Ҳар нафаре, ки муъмин нест, ин ҳуқуқи онҳост, албатта, метавонанд, ҳар тавре ки дуруст мешуморанд, амал кунанд", — гуфт Албир Крганов.

Ба гуфтаи муфтӣ, ҳангоми бордорсозии маснуъӣ Худованд дар офарида шудани инсон дасте надорад.
"Худованд аст, ки ҳамаи имконотро додааст. Илм бо Ислом мухолиф нест ва ислом бо дин мухолиф нест. Агар фатво ба фоидаи одамон бошад, пас инсон метавонад аз он истифода барад", — гуфт Крганов.

Ягона пофишории дин дар ин ҳолат —  дуруст муаррифи кардани волидон ба кӯдак аст, таъкид кард муфтӣ.