Дар Ҳисор барои билети ҳарбии қалбакӣ 5000 сомонӣ пора талаб карданд

Муттаҳам ҳангоми гирифтани 5000 сомонӣ аз шаҳрванд "А" дастгир карда шуд ва маблағҳои мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон хабар медиҳад, ки кормандони ниҳод дар шаҳри Ҳисор кормандеро бо итттиҳоми ришваситонӣ дастгир карданд.

Бино бар иттилои манбаъ, мутахассиси мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Дурбати шаҳри Ҳисор, Аюбов Файзалӣ Раҷабалиевич бо истифода аз мақоми хизматӣ барои тайёр намуда додани билети ҳарбии қалбакӣ аз шаҳрванд "А"  5000 сомонӣ талаб кардааст.

"Дар натиҷаи амалиёти бозҷӯӣ  Аюбов Файзалӣ Раҷабалиевич баъди аз шаҳрванд "А" гирифтани 5000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир гардида, маблағҳои мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуданд",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Вобаста ба ҳолати зикргардида, нисбати Аюбов Файзалӣ Раҷабалиевич бо моддаи 247 қисми 3 банди "а" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.