Осорхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Қатар паймони ҳамкорӣ мебанданд

Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни осорхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Қатар дар дидори сафири ҶТ Хисрав Соҳибзода ва мудири иҷроии Идораи осорхонаҳои Қатар Мансур бин Иброҳим Оли Маҳмуд пешниҳод шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Ба иттилоъи хадамоти матбуотии ВУХ ҶТ, сафири Тоҷикистон дар Қатар Хисрав Соҳибзода бо мудири иҷроии Идораи осорхонаҳои Қатар Мансур бин Иброҳим Оли Маҳмуд масоили рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои осорхонашиносӣ ва ҳифзи мероси фарҳангию торихиро баррасӣ кардааст.

Қатар дар Тоҷикистон рӯзҳои фарҳангӣ баргузор мекунад

Дар ин замина ҷонибҳо зарурати табодули мутахассисон ва таҷриба дар соҳаи мудирияти осорхонаҳо, танзими давраҳои омӯзишӣ  ва инчунин аҳамияти ташкили намоишгоҳҳои муштараки осори фарҳангию таърихиро дар тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи мардумони Тоҷикистону Қатар таъкид намуданд.

Идораи осорхонаҳои Қатар омодагиашро барои таблиғу муаррифии меросии ғании фарҳангу ҳунари мардуми тоҷик дар осорхонаҳои Қатар эълом кард ва аз пешниҳоди имзои созишномаи ҳамкорӣ бо “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” истиқбол кард.

Хисрав Соҳибзода ҳамчунин бо вазири умури хориҷии Қатар Султон Саъд ал-Мурайхӣ дидор карда ва масоили мубрами рушди равобити ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷорӣ ва иҷтимоъиро баррасӣ кардааст.

Тарафҳо ҳамчунин ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар мубориза бо чолишҳои амниятии минтақаиву ҷаҳониро баррасӣ карда ва бар аҳамияти тақвияти муборизаи дастҷамъона бо теруризму ифротгароӣ таъкид кардаанд.

Соҳибзода дар ин дидор ба ал-Мурайхӣ даъватнома барои ширкат дар Ҳамоиши байналмилалии “Мубориза бо теруризм ва ифротгароӣ”-ро супурда, ки қарор аст 3 — 4 май дар шаҳри Душанбе баргузор шавад. Вазири умури хориҷии Қатар даъватномаро пазируфт.