Хадамоти беҳдоштии Оқохон ба заҳролудшудагон дар Ишкошим ёрӣ мерасонад

Ҳамакнун дар бемористони шаҳри Хоруғ 45 заҳролудшуда аз орди олуда ба заҳри гиёҳи офтобпараст дармон мешаванд, ки вазъи 2 тан аз онҳо бисёр вахим арзёбӣ мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Хадамоти беҳдоштии Оқохон дар Тоҷикистон, Бемористони вилоятии Хоруғ ва Хадамоти беҳдориву ҳамагиршиносии ВМКБ ситоди ҳамоҳангии ёрирасонӣ ба заҳролудшудагон дар ноҳияи Ишкошим ташкил додаанд.

Ба гузориши Хадамоти беҳдоштии Оқохон дар Тоҷикистон (Aga Khan Health Service, Tajikistan), раҳбарии ин ситодро дуктур Муҳаббат Баҳромов бар уҳда гирифтаааст.

Дар нахустин иқдом ин ситод барои ошкорсозии заҳролудшудагон дар рустоҳои ноҳияи Ишкошим се гурӯҳи пизишкӣ ташкил карда, ки коршиносони пизишкии дохилӣ (терапия), гуворишшиносӣ (гастроэнтерология), ҳамагиршиносӣ (эпидемиология), озмоишгоҳӣ, УЗИ ва ҷарроҳиро дар бар мегиранд.

Шумори заҳролудшудагон аз орд дар ноҳияи Ишкошим бештар шудааст

Ин гурӯҳҳо дар рустоҳои Тугоз, Питуп, Шитхарв ва Лангар бошандагонро аз муоинаи пизишкӣ гузаронда ва намунаҳои хунро барои озмоиш ба бемористони шаҳри Хоруғ фиристодаанд.

Ситод ҳамчунин барои дармонҷӯён дар бемористони Хоруғ доруворӣ ва рахти хоб харида ва ба рустоҳо низ дору бурдааст.

Ситоди ёрирасонӣ ба осебдидагон дар ноҳияи Ишкошим ҳамчунин коршиносони Вазорати тандурустии Тоҷикистонро ба ин кор ҷалб карда ва ҳамвора бо коршиносони амрикоӣ, Бемористони Оқохон дар Карочӣ (Покистон) ва Пажӯҳишгоҳи гуворишиносии шаҳри Душанбе дар тамос аст.