Марз бо Афғонистон: беш аз 220 кг маводи мухаддир дар 10 рӯз мусодира шуд

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар даҳ рӯз се задухӯрди мусаллаҳона рух дода ва беш аз 220 килограмм маводи мухаддир мусодира шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар раванди амалиёте, ки аз 1 то 10 феврал дар марз бо Афғонистон баргузор кардаанд, беш аз 220 килуграм маводи мухаддирро мусодира кардаанд, гуфт сухангӯи НМ КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев.

Тоҷикистон беш аз 340 килуграм маводи мухаддирро дар оташ сӯхт

Дар яке аз ин амалиёт марзбонон ҳамроҳ бо кормандони милиса Аҳмад Абдулфоруқ ном шаҳрванди 43-солаи Афғонистонро дастгир кардаанд, ки аз ӯ 70 килуграм ҳашишу чарс  ёфт ва мусодира шудааст.

Ҳамчунин марзбонон ва кормандони ШВКД ноҳияи Ҳамадонӣ дар амалиёти муштараке, ки 5 феврал дар минтақаи масъулияти посгоҳи марзии “Дарқад” баргузор карданд, дар паи задухӯрд бо қочоқбарон аз онҳо 34,5 килуграм афюн, камубеш 5 килуграм ҳашиш ва 8 килуграм бангдонаро мусодира кардаанд.

Ҳамон рӯз дар минтақаи масъулияти посгоҳи марзии “Панҷоб” дар ноҳияи Ҳамадонӣ низ задухӯрде бо қочоқбарони маводи мухаддир аз Афғонистон рух дод. Қочоқбарон ба Афғонистон бозпас гаштаанд ва дар маҳалли задухӯрд 54,165 кг ҳашиш, 26,590 кг афюнро бо 2 тирдони силоҳи Калашников бар ҷой гузоштанд.

Ҳамчунин дар паи заухӯрде, ки 8 феврал дар минтақаи масъулияти посгоҳи марзии “Сомон” дар ноҳияи Панҷ рух дода, аз қочоқбарон 24 килуграм ҳашиш ва як мил силоҳи оташфишони амрикоии М-16 бо як тирдон мусодира шудааст.