Супоришҳои Раҷаббой Аҳмадзода ба раиси шаҳри Хуҷанд

Роҳбари вилоят ба раиси шаҳри Хуҷанд супориш дода, ки кучаҳои марказии шаҳр ва хиёбонҳои ба номи Рифъат Ҳоҷиев, Раҳим Ҷалил бо ороиши муосир гулпӯш карда шуда, ниҳолҳои ҳамешсабзу орошӣ шинонида шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии ҳукумати вилояти суғд хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки рӯзи якшанбеи 11 феврал иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ ва ҳашарҳои дастаҷамъӣ ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят сафар кардааст.

Аҳмадзода зимни ошноӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагии ҳудуди муассисаҳои варзишии шаҳри Хуҷанд ба маъракаи ниҳолшинонӣ ҳусни оғоз бахшидааст.

Пешниҳоди Рустам Эмомалӣ қабул шуд: Раҷаббой Аҳмадзода вазифаи нав гирифт

Бо иштироки роҳбари вилоят ва сокинон дар назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ, варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" ва Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд ҳазорҳо бех дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шудааст.

Дар суҳбат бо сокинон иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода онҳоро ба корҳои созандагиву ободонӣ, тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва саҳм гузоштан дар пешрафти соҳаҳои мухталиф ҳидоят кардааст.

"Роҳбари вилоят ҳамзамон ба раиси шаҳри Хуҷанд ва роҳбарони дигар сохторҳои марбута супориш дод, ки кучаҳои марказии шаҳр ва хиёбонҳои ба номи Рифъат Ҳоҷиев, Раҳим Ҷалил ва дигар мавзеъҳои ҳудуди шаҳри Хуҷанд бо ороиши муосир гулпӯш карда шуда, ниҳолҳои ҳамешсабзу орошӣ шинонида шавад", — омадааст дар хабарнома.

ҳамчунин раиси вилоят дастур додааст, ки ба ободонии атроф ва ҳудуди варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" таваҷҷуҳи махсус дода шуда, панҷараҳои атрофи он рангу бор, нишастгоҳҳо таъмир ва дигар шароити зарурӣ фароҳам оварда шаванд.