ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Марзбонони Украина ду муҳоҷир – яке аз Тоҷикистон ва дигаре аз Туркияро дастгир кардаанд, ки мехостаанд қонуншиканона ба Лаҳистон бигзаранд, гузориш додааст равобити умумии Идораи марзбонии Украина.
“Марзбонон дар марз бо Лаҳистон марзшиканеро дастгир карданд, ки шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Дар паи бозҷӯӣ дониста шуда, ки вай 29-сола буда ва бо ҳавопаймо ба Украина омада ва мехостааст марзро шикаста ба яке аз кишварҳои Иттиҳодияи Урупо муҳоҷират кунад”, — гуфта мешавад дар ин гузориш.
Яке дигар аз марзшиканон, ки низ мехоста қонуншиканона Лаҳистон биравад, гузарномаи шаҳрванди Испанияро ба марзбонон нишон додааст.
Вале дар паи бозҷӯӣ ошкор шуда, ки вай шаҳрванди Туркия будааст. Ӯро барои кӯшиши марзшиканӣ ҷарима бастаанд.