Омодагии Рустам Эмомалӣ бораи таҷлили 25-солагии Қувваҳои мусаллаҳ

Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар бораи омодагӣ ба таҷлили 25-умин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қарор баровардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Қарори шаҳрдорӣ дар равобити умумии ин ниҳод мунташир шудааст.

Гуфта мешавад, ки нақшаи чорабиниҳои мақомоти шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи тибқи замима бояд тасдиқ шавад.    

Дар ин росто муовинивони якуми раиси шаҳри Душанб,е раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони сохторҳои марбутаи дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо вазифадор шудаанд.

Ҳамчунин Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, раёсатҳои тандурустӣ ва Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе вазифадор шудаанд, ки дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳо ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии "Ёрии таъҷилӣ" ва бехатарии зиддисӯхтор чораҳои зарурӣ андешанд.