Дар Тоҷикистон маъюбии 4353 нафар қатъ карда шуд

Дар натиҷаи татбиқи чораҳои солимгардонӣ дар Тоҷикистон маъюбии 4353 нафар қатъ карда шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Дар ин бора вазири тандурустии Тоҷикистон Насим Олимзода дар нишасти хабарӣ маълуот додааст.

Насим Олимзода вобаста ба солимгардонии маъюбон гуфтааст, "яке аз масъалаҳои муҳими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ин муқаррар намудани маъюбӣ ва солимгардонии маъюбон мебошад".

Ба гуфти вазир дар соли сипаригардида бо мақсади таъмини шаффофият, вусъат додани ташхиси тиббию иҷтимоии маъюбон ва чораҳои солимгардонӣ муоинаи 37900 шаҳрвандон гузаронида, аз инҳо 8140 нафар бори нахуст ва 29347 нафар такроран муоина шудаанд.

"Дар натиҷаи татбиқи чораҳои солимгардонӣ маъюбии 4353 нафар қатъ карда шуд", — гуфтааст Олимзода.

Дар Тоҷикистон ҳомиладории 729 зан қатъ карда шуд

Манбаъ афзуда, ки дар соли 2017 ба масъалаҳои таъминоти маъюбон ва дигар ниёзмандон бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ ва маҳсулоти протезию ортопедӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардида, фаъолияти Корхонаи  давлатии "Заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе бо филиалҳояш дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд ва Кӯлоб", ки дар он зиёда аз 100 нафар коргарон  фаъолият доранд, низ тақвият бахшида шудааст.

Соли сипаригардида нақшаи истеҳсолии корхона дар якҷоягӣ  бо филиалҳояш  125 фоиз иҷро гашта, дар маҷмӯъ ба маблағи 3 миллиону 738 ҳазору 25 сомонӣ  маҳсулот истеҳсол  карда шудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки дар соли 2017, 1380 нуқсонҳои дохилибатнии тифл дар давраи барвақти ҳомиладорӣ дарёфт гардида, ҳомиладории 729 нафар (53%) қатъ карда шуд, яъне тавлиди 729 кӯдакони маъюби модарзод пешгирӣ шудааст.