ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар матни нома Зарипова барои ҳамкориҳои дуҷонибаву саҳми арзанда дар рушди соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастгирии табақаҳои осебпазири ҷомеа ва болидасозии рӯҳи солхӯрдагони танҳо бо консертҳои идона ба Вазорати фарҳанг изҳори сипос намуда, иштироки ансабли "Сомон"-ро дар чорабиниҳои идона ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ махсусан қайд кардааст.
Директори маркази номбурда дар фарҷоми нома ҷиҳати идомаи ҳамкории бештар дар рушди соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таманнои нек намудааст.
Пештар хабар дода шуд, ки Донишҷӯёни коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов барои пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон консерти хайрия пешкаш карданд.