ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Дар ин росто ҳукумати Тоҷикистон ва Бунёди Ҷаҳонии Рушди Кишоварзӣ созишнома имзо кардаанд.
Дар ин бора равобити умумии Вазорати молияи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ҳадафи ин тарҳ паст кардани сатҳи бенавоӣ дар хонаводаҳои тоҷик аст.
Барои иҷрои тарҳи мазкур ва кӯмак ба ин хонаводаҳо дар ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристн, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Норак, Рашт ва Тоҷикобод, бештар аз 39 миллион доллар ихтисос медиҳанд.
Созишномаи дастгирии соҳаи кишоварзиро рӯзи 8-уми феврал, Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Жилбер Фосун Хунгбо, раиси Бунёди Ҷаҳонии Рушди Кишоварзӣ дар пойтахти Итолиё имзо кардаанд.
Ҳадаф аз иҷрои ин тарҳ беҳтар кардани дастрасии мардуми кишоварз ба технологияҳои тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ, афзудани ҳосили зироати мардум ва мутобиқ кардани онҳо ба тағйири иқлим гуфта шудааст.
Бештар аз 70 дар сади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва кишоварзӣ яке аз муҳимтарин бахши иқтисоди кишвар аст.
Манбаъ афзуда, ки тарҳи мазкур то соли 2024 ба итмом расонида хоҳад шуд.