Тағйироти кадрӣ: Эмомалӣ Раҳмон киҳоро ба нафақа гусел кард

Дилбар Соҳибназар аз симати мушовири масоили ҳуқуқӣ Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон бо далели бознишаста шуданаш, барканор шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода буд, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи гузашта чанде аз масъулинро ҷо ба ҷо кард.

Чунончӣ, раисҷумҳур мушовири масоили ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон Дилбар Соҳибназарро бино бар бознишастагӣ аз симат барканор кард.

Ҳамчунин, Олуфта Заробекзода, мушовири масоили иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи низ бо далели ба нафақа баромадан, аз симат барканор шуд.

Малоҳат Холиқзода ҳам бо далели бознишастагӣ аз вазифаи муовини раиси Раёсати  кор бо мақоқмотҳои маҳаллии дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон барканор шуд.

Шарифов Алишер, мушовири раисҷумҳури дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба масоили кадрӣ низ ба нафақа баромад.

Наим Муқимзода ба ҷойи вай мушовири дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба масоили кадрӣ таъин гардид.