Диққат, рӯзноманигорон: озмун

Озмун аз 1 феврал то 1 июн идома ёфта, дар арафаи 21-солагии Рӯзи Вҳдати миллӣ ҷамъбаст мегардад. Ба ғолибони озмун мутаносибан 5000 сомонӣ, 3000 сомонӣ ва 1500 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров якҷоя бо нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи "Ҷумҳурият" бахшида ба 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров озмун эълон менамояд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раиси ноҳия дар озмун журналистони касбӣ, адибону публитсистон ва ҳамаи онҳое, ки ба эъҷод алоқаманданд, иштирок карда метавонанд.

Асарҳо дар қолаби жанрҳои журналистию публитсистӣ дар ҳаҷми то 4 саҳифа бо ҳарфи Arial tj, андозаи 14 қабул карда мешаванд.

Озмун аз 1 феврал то 1 июн идома ёфта, дар арафаи 21-солагии Рӯзи Вҳдати миллӣ ҷамъбаст мегардад. Ба ғолибони озмун мутаносибан 5000 сомонӣ, 3000 сомонӣ ва 1500 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

Дар Тоҷикистон пас аз ба имзо расидани "Созишномаи Сулҳ" дар соли 1997 ҳамасола 27 июн ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад.